коҳ

коҳ
[کاه]
резаҳои кӯфтаи пояи хушки гандуму ҷав ва амсоли он ки бештар чун хӯроки чорво ва дар тайёр кардани каҳгил аз он истифода мебаранд; агар коҳ аз ту нест, коҳдон аз туст (зарб.) дар мавриди хӯрокеро муфт дида пурхӯрӣ кардани шахсе гуфта мешавад; як пари коҳ чизи андак, чизи аз ҷиҳати миқдор ва вазн ночиз, кам ва сабук; коҳи кӯҳнаро бод додан (кардан) воқеаи гузаштаеро ба миён оварда, бо касе гилагузориву хархаша кардан; пар(р)и коҳ надоштан ҳеҷ чиз надоштан, тамоман бечизу нодор будан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»